Май 21, 2019 16:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тақвияти забони форсӣ

Раҳбари муаззами инқилоб дар дидори самимии ҷамъе аз устодони забону адаби порсӣ ва шоирони ҷавону пешкисват бо таъкид бар тақвияти забони форсӣ гуфтанд, набояд иҷоза дод, забони форсӣ дучори фарсудагӣ шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор ҳаракат ва пешрафти забони форсӣ, ҷараёни шеъри инқилобро умедворкунанда дониста гуфтанд, ашъори бузургони шеъри форсӣ ҳамчун Ҳофиз, Саъдӣ, Фирдавсӣ ва Мавлавӣ оканда аз ахлоқ, таълим, тааҳҳуд, ҳикмат, ирфон, маънавиёт ва Исломи ноб аст, бинобар ин тафкики ҷанбаи ҳунарӣ ва зебошинохтии шеър аз ҷанбаи рисолат ва тааҳҳуди он иштибоҳ ва ношӣ аз ғафлат аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ баён ва падидаи шеърро аз муъҷизоти офариниш хонданд ва афзуданд, шеър аз ҷанбаи ҷамолу зебоӣ бархурдор аст ва ин имтиёз шеърро ба як расонаи асаргузор ва масъулиятовар табдил мекунад, ки бояд ин тааҳҳудро дар хидмати ҷараёни равшангарӣ ва ҳидоят қарор дод. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор додани шеърро дар хидмати маорифи тавҳидӣ, фазилатҳои аҳли байт, Инқилоби Исломӣ ва масоили гуногуни дунёи Ислом мӯҷиби эътилои шеър донистанд ва афзуданд, нависандагон ва шуаро бояд дар осори худ зебоиҳои рафтори миллаташонро ба тасвир бикашанд ва шеъри худро ба парчами ҳувияти миллат табдил кунанд, зеро миллате, ки ҳувияти худро гум кунад, дар мушти бегонагон об мешавад ва аз байн меравад. Эшон бо интиқод аз истифодаи фаровони луғоти бегона дар расонаҳо хитоб ба масъулон таъкид карданд, нагузоред забони форсӣ дучори фарсудагӣ ва вайронӣ шавад.

Дар ин дидор 29 нафар аз шоирони ҷавону пешкисват ашъори худро дар ҳузури Раҳбари Инқилоби Исломӣ қироат карданд.