Май 22, 2019 17:25 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон дар садади густариши ҳамкорӣ бо Эрон

Сафири Қазоқистон дар Эрон бар густариши ҳамкории иқтисодии Теҳрон ва Нурсултон (Остона) таъкид кард.

Асхат Оразбой, сафири Қазоқистон дар Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон гуфт, бо вуҷуди таҳримҳо Эрон ва Қазоқистон метавонанд дар заминаҳои мухталифе ҳамкории худро густариш диҳанд.

Оразбой афзуд, истифода аз пулҳои миллии Эрон ва Қазоқистон метавонад сабаби густариши ҳамкории иқтисодии ду кишвар шавад.

Сафири Қазоқистон дар Эрон дар бораи равобити бонкии ду кишвар низ изҳор дошт, бояд созукори ҷадиде байни ду кишвар эҷод шавад то барои густариши ҳамкории бонкӣ мушкиле пеш наояд.

Арзиши мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрон ва Қазоқистон дар шаш соли ахир бо панҷ баробар афзоиш аз 400 миллион доллар ба беш аз ду миллиард доллар расидааст.

 

Барчасп