Май 23, 2019 11:21 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муъаззами инқилоб: заволи Амрико ва Исроил ҳатмӣ хоҳад буд

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ асри чаҳорашнбе дар дидори ҳазорон нафар аз донишҷӯён, вуҷуди нуқтаи рушан ва умедбахшро боиси пешравӣ ва истимрори ҳар ҳаракати умумӣ хонданд ва таъкид карданд зарфиятҳои исботшудаи миллати Эрон дар шаклдиҳӣ ва ба саранҷом расондани корҳои бузург (ки дар пирӯзӣ ва истимрори инқилоби исломӣ зуҳури комил дошт), муҳимтарин нуқтаи умеди ҳаракати умумии миллати Эрон ба самти амалисозии ҳадафҳо ва чашмандози рушани кишвар аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Дафтраи мақоми муъаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор ваъдаи содиқ ва тахаллуфнопазири илоҳӣ дар бораи нусрати ёрикунандагони дини Худоро нуқтаи умедбахши дигаре баршуморданд ва хотирнишон карданд фарсудагӣ ва инҳитоти тардиднопазири тамаддуни ғарбӣ, ки албатта бурузи малмуси он замонбар хоҳад буд нуқтаи амеди дигаре дар раванди ҳаракати умумии миллати Эрон аст.

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ афзуданд, шумо ҷавонон итминон дошта бошед, ки заволи душманони башарият яъне тамаддуни мунҳати амрикоӣ ва заволи Исроилро шоҳид хоҳед буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин донишҷӯён ва ҷавононро ба баҳрагирӣ аз фурсати камназири моҳи мубораки Рамазон барои тақвияти робита бо худованди мутаол тавсия карданд ва гуфтанд, ин фурсати муғтанами унс бо Қуръон ва намоз ва дуоро ба як одати неку мондагор табдил кунед.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сипас ба бархе иқдомот ва фаолиятҳои маҷмуаҳои донишҷӯӣ дар арсаҳои дохилӣ, минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба хусус дар як соли гузашта ишора карданд ва афзуданд ҳимоятҳои маҷмуаҳои донишҷӯӣ аз коргарон ва вуруд ба наҳваи вогузориҳо ва ё мутолиба аз се қувва ва маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом дар бархе мавзӯъҳо ва ҳамчунин баргузории таҷаммуъҳо дар ҳимоят аз мардуми Яман ва мавзеъгирӣ дар бораи ҳаводиси Зеландияи Нав ва Нигерия иқдомоти хубе буд, ки анҷом гирифт.

Ташкили гуруҳҳои наҳзатӣ дар дохили донишгоҳҳо ва низ даъват аз донишҷӯёни кишварҳои меҳвари муқовимат барои баҳс дар бораи масоили байналмиллалӣ ва масоили муҳими ҷаҳони ислом пешниҳоди дигари раҳбари инқилоб ба донишҷӯён барои ҳузур ва ҳидояти ҳаракати умумии миллат дар масири амалисозии уфуқи рушани Эрон буд.