Май 23, 2019 17:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ҳамкории иқтисодии Эрон ва Афғонистон

Мақоми вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, муҳиммтарин авлавияти кории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон, тавсеа ва афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба аст.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломаббоси Арбоб Холис, мушовири вазир ва раиси намояндагии вазорати хориҷа дар шимолу шарқи Эрон рӯзи панҷшанбе дар маросими муорифаи Сарконсули ҷадиди Афғонистон дар Машҳад (шарқи Эрон), афзуд, Эрон ва Афғонистон муштаракоти зиёде дар ҳавзаи фарҳангӣ доранд, ки метавон аз ин фурсат барои тавсеаи иқтисодӣ баҳра гирифт.

Мушовири вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин ба зарфияти болои илмии устони Хуросони Разавии Эрон ишора кард ва гуфт, ҳамакнун бештарин донишҷӯёни хориҷии шоғил ба таҳсил дар Машҳадро атбои афғонистонӣ ташкил медиҳанд.

Вай дар бораи зарфиятҳои бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон ҳам гуфт, ин бандари муҳим ва стратегӣ фурсати беназире барои истифодаи сармоягузорон ва тоҷирони Афғонистон фароҳам кардааст.

Абдуҷҷаббор Ансор, сарконсули ҷадиди Афғонистон дар Машҳад низ дар ин дидор ба шарокати иқтисодии Кобул ва Теҳрон ишора кард ва гуфт, давлати Афғонистон бидуни ҳеҷгуна монеъ ва маъзурияте пайгири тавсеаи фаъолияти бозаргонони эронӣ аст.

Сарконсули Афғонистон дар Машҳад ҳамчунин гуфт, арзиши мубодилоти тиҷории солонаи Эрон ва Афғонистон ду миллиарду 800 миллион доллар ба истиснои маводи нафтӣ ва муштаққоти он аст, ки 60 дарсадаш марбут ба Хуросони Разавӣ аст.

Эрон ва Афғонистон беш аз 900 километр марзи муштарак доранд.

 

Барчасп