Май 25, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Тахтравончӣ ; хуруҷи Амрико аз Барҷом нақзи ошкори  қавонини байналмиллалӣ аст

Сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони Милаллӣ муттаҳид гуфт; хуруҷи Амрико аз Барҷом нақзи ошкори қавонини байналмиллалӣ ва аз ҷумла қатъномаи 2231 и Шурои амнияти Созмони Милаллӣ муттаҳид аст.

Маҷиди Тахтравончӣ  сафир ва намояндаи доими Эрон дар Созмони милаллӣ Муттаҳид бо интишори ёддоште дар рӯзномаи Вашингтон пуст афзуд; тасмими Эрон барои мондан дар тавофуқи ҳастаӣ, бар хилофи хуруҷи Амрико, ба дархостҳои кишварҳои Аврупоӣ анҷом шуд то ба онҳо фурсати кофӣ барои ҷуброни ончи Эрон дар асари хуруҷи якҷониба ва пойбанд набудани Амрико ба тааҳудоташ аз даст дода буд,ро бидиҳад.

Тахтравончӣ бо баёни ин,ки Эрон як сол пас аз хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ, сабурона мунтазири иқдомоти амалии Аврупо монд гуфт; аъзои боқимонда дар Барҷом ва ба вижа Аврупо,бояд таъаҳудоти худро бар  асоси тавофуқи ҳастаӣ ба таври комил анҷом диҳанд ва зиёнҳои Эронро ҷуброн кунанд дар ҳоле,ки то кунун ҳеҷгуна  иқдоми ҷубронии иқтисодии малмусе анҷом нашуд ва ба ҳамин далел Эрон гузинаи дигаре ҷуз тавқифи бархе аз таъаҳудоти худ надорад.

Намояндаи Эрон дар Созмони милаллӣ муттаҳид рӯйкарди Амрико нисбат ба Эрон ро фоқиди инсиҷом донист ва гуфт; ин як мавзуъи махфӣ нест,ки теъдоде аз мақомоти амрикоӣ ва бархе аз раҳбарони кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ва раиси ҷумҳурии Амрико, фишор меоваранд,ки як сиёсати  сахте дар баробари Эрон бигирад.

  Ин дипламати эронӣ, эъзоми ахири нови ҷангии Амрико ба Халиҷи форсро натиҷаи иттико ба гузоришҳои иттилоотии ҷаълии мақомоти амрикоӣ ва бархе аз раҳбарони кишварҳои минтақа донист ва афзуд; ҳатто аъзои конгира ва муттаҳидони Амрико ҳам аз ин гузоришҳои ҷаълӣ ҳимоят накардаанд.

Барчасп