Май 25, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ойини эҳёӣ нахустин шаб аз шабҳои қадр дар Эрони исломӣ

Ойини эҳёӣ нахустин шаб аз шабҳои пурфазиллати қадр бо ҳузури бо шукӯҳи мардуми муъмини Эрони исломӣ дар саро сари Эрон баргузор шуд.

Ошиқони имомат ва вилоят, шаби ҷумъа, дар шаби 19 уми моҳи мубораки Рамазон дар масҷидҳо,ҳусейнияҳо,маконҳои мутабарика ва дигар маконҳои мазҳабии саро сари Эрон,бо гирди ҳам омадан ва қироати Қуръон то ҳангоми саҳар,Алғувс алғувс гуён, дуои Ҷавшани кабир ва асмои аъззами илллоҳиро зам зама карданд.

 Мадоҳони аҳли байт ва исмат ва таҳорат (а) низ дар барои мавлои муттақиён ҳазрати Алӣ (а) навҳахонӣ ва марсиясароӣ карданд.

 Дар шаҳри Машҳади муқаддас ( шимолу шарқи Эрон ) ҳам саҳн ва ривоқҳои боргоҳи малакутии соминалҳуҷҷа ҳазрати Алӣ бин Мусоризо (а) имоми ҳаштуми шиъаёни ҷаҳон, пур аз зоирон ва муҷовироне буд,ки худро аз дур ва наздик ба ҳарами Разавӣ расонда буданд ва бо сар гирифтани Қуръони карим ва муноҷот бо парвардигори мутаъол, ҳолу ҳавои хоссе аз маънавиятро ба маросими эҳёи шаби 19 и моҳи мубораки Рамазон бахшиданд.

Дар ҳарами муттаҳари ҳазрати Маъсума (с) дар Қум ( Ҷануби устони Теҳрон ) ва ҳарами ҳазрати Аҳмад бин Мусо Шоҳчароғ (а) дар Шероз, маркази устони Форс, ҷануби Эрон,ҳам ойини мушобеҳе баргузор шуд.

 шабҳои 19 ум, 21 ум ва 23 уми моҳи мубораки Рамазон, шабҳои қадр аст ва мусалмонон бо шабзиндадорӣ, Қуръон бар сар гирифтан, ниёиш ва хондани дуои Ҷавшани кабир, бо худои худ розу ниёз мекунанд.

 Шаби қадр шабе аст,ки дар ҳама сол,шабе ба фазиллати он намерасад ва амал дар он беҳтар аз амал дар ҳазор моҳ аст ва дар он тақдири соли инсон рақам ехурад.

Саҳаргоҳи 19 уми моҳи мубораки Рамазон, ибн Мулҷам Муродӣ аз гурӯҳи Хавориҷ, дар ҳоле,ки ҳазрати имом Алӣ (а) дар ҳоли иқомаи намози субҳ буданд, шамшери заҳрогини худро ба фарқи мубораки эшон зад.

 Ҳазрати Алӣ (а) дар хона бистарӣ ва дурӯз баъд яъне 21 уми моҳи мубораки Рамазон шаҳид шуданд.

Радиои тоҷикии садои Хуросон, орзуи қабулии ибодатҳои тамоми мусалмонон ро дар моҳи мубораки Рамазон ба вижа дар шабҳои қадр аз худованди мутаъол хостор аст.

Барчасп