Контроли Эрон бар новҳои амрикоӣ дар халиҷи Форс
Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, новҳои амрикоии мустақар дар минтақаи халиҷи Форс қобилияти амалиётӣ надоранд ва комилан дар контроли нерӯҳои амалиётии артиш ва сипоҳ ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дарёдор Алии Фадавӣ бо баёни ин ки имрӯз камтарин теъдоди новҳои Амрико ва ҳампаймононаш дар халиҷи Форс мустақар ҳастанд, афзуд, дар гузашта беш аз 300 фарванд нов ва 5 адад нови ҳавопаймобари амрикоӣ дар халиҷи Форс мустақар буд.
Давлати Амрико ахиран дар идомаи сиёсатҳои душманонаи худ зидди Эрон, теъдоде бомбафкан ва нови ҳавопаймобар ба минтақаи халиҷи Форс эъзом кардааст.
Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон изҳор дошт, мавзӯи ҳузури новҳои амрикоӣ дар минтақаи халиҷи Форс масъалаи муҳиме нест, зеро Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бар халиҷи Форс тасаллут доранд.
Сардор Фадавӣ таъкид кард, новҳои амрикоӣ барои ҳаракат дар халиҷи Форс ва тангаи Ҳумуз бояд аз Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар шимоли тангаи Ҳумуз иҷозаи убур бигиранд ва тавоноии наздик шудан ба обҳои соҳилии Эронро надоранд.
Ҷонишини фармондеҳи кулли сипоҳ афзуд, акнун тамоми новҳое, ки дар минтақаи халиҷи Форс ҳастанд, ба забони форси сӯҳбат мекунанд ва ин ба маънои иқтидори Эрон аст.