Таслияти шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Алӣ (а)
(last modified Sat, 25 May 2019 16:11:42 GMT )
Май 25, 2019 21:11 Asia/Dushanbe
  • Таслияти шаҳодати мазлумонаи ҳазрати Алӣ (а)

Имшаб, шаби бистуякуми моҳи мубораки Рамазон, шаби шаҳодати пешвои парҳезкорон ва ҷавонмардони ҷаҳон - ҳазрати Алӣ (а) ва дувумин шабе аст, ки гумон меравад шаби Қадр бошад.

Имшаб ҷаҳони Ислом сиёҳпӯши шаҳодати марде аст, ки девори Каъба ба эҳтироми валодаташ шикофта шуд. Бузургмарде, ки ойинаи тамомнамои мардонагӣ ва меҳрубониву саховат буд ва умри пурбаракаташ ҷуз дар яктопарастӣ ва муҷоҳидат дар роҳи ҳақ нагузашт ва саранҷом сар бар саҷдагоҳи Худованд дар меҳроби масҷиди Кӯфа, фарқаш ба шамшери душманӣ ва ҷаҳли Ибни Мулҷами Муродӣ шикофта шуд ва хуни сурхаш меҳроби ибодатро рангин кард.

Имшаб ҳамчунин яке аз шабҳое аст, ки бар эҳё ва зинда нигаҳ доштани он барои тақарруб ва наздикӣ ба ҳазрати ҳақ таъкид шудааст. Ба ҳамин муносибат ойинҳои вижае дар саросари Эрони исломӣ бо ҳузури густурдаи мардум дар масоҷид ва амокини мазҳабӣ дар ҳоли баргузорӣ аст.

Муъминон дар ин шаби пурфазилат дар масоҷид, ҳусайния‎ҳо, Бақои мутабаррика ва дигар макон‎ҳои мазҳабӣ, бо гирдиҳам омадан ва қироати Қуръон то ҳангоми саҳар аз даргоҳи Худованд талаби афву раҳмат мекунанд.

Дар Машҳади муқаддас (шимоли шарқи Эрон) саҳну равоқ‎ҳои боргоҳи малакутии ҳазрати Ризо (а) лабрез аз ҳузури зоироне аст, ки сиёҳпӯши шаҳодати мавлояшон ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (а) дар муноҷот бо парвардгор, ҳолу ҳавои хосеро ба маросими эҳёи шаби бистуякуми моҳи мубораки Рамазон мебахшанд.

Радиои Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати пешвои родмардон ва озодагони ҷаҳон - ҳазрати Алӣ (а) - ро ба ҳамаи мусалмонон таслият мегӯяд.