Руҳонӣ: Эрон қатъан пирӯзи майдони мубориза бо Амрико аст
(last modified Sun, 26 May 2019 05:42:42 GMT )
Май 26, 2019 10:42 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон қатъан пирӯзи майдони мубориза бо Амрико аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб дар дидори ҷамъе аз асҳоби расона, ба фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодии Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва гуфт, миллати Эрон ҳеҷгоҳ таслими фишорҳо нашудааст ва нахоҳад шуд.

Ба нақл аз Пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ бо таъкид бар ин ки Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад тасреҳ кард, Ҷумҳурии исломии Эрон қатъан пирӯзи майдони мубориза бо Амрико аст.

Раиси Ҷумҳурии исломии  Эрон ҳамчунин ба хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ишора кард ва гуфт, имрӯз тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ, Амрикоро ба далели хуруҷ аз ин тавофуқи байналмиллалӣ сарзаниш мекунанд.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ, корзоре ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо поймолсозии таъаҳудоти Вашингтон дар БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард, ки ин иқдом бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.