Май 26, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони маҷлиси Эрон: Шумориши маъкуси поёни умри режими саҳюнистӣ оғоз шудааст

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар баёнияе дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс таъкид карданд: Шумориши маъкуси поёни умри режими саҳюнистӣ оғоз шудааст ва нобудии сарнавишти ин режими ишғолгар аст.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон имрӯз якшанбе дар ин баёния бо маҳкум кардани ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён эълом карданд: Ҷабҳаи муқовимат, ки имрӯз қудратмандтар аз ҳар замони дигаре аст, тӯмори нангини режими саҳюнистиро дарҳам хоҳад печид.

Ин баёния меафзояд: Тарҳи таблиғотӣ ва сиёсии "Муомилаи қарн" интиқоли сафорати Амрико ба Қудс, ба расмият шинохтани Голан ва террористӣ эълон кардани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ талошҳои мазбуҳона аст, ки роҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Барчасп