Пешниҳоди Эрон барои имзои паймони адами таҷовуз бо кишварҳои Халиҷи Форс
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки кишвараш саъй дорад равобити мутаодилеро бо кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс барқарор кунад ва омода аст то бо ноҳо паймони адами таҷовуз имзо кунад.
Вазири хориҷаи Эрон дар сафар ба Ироқ ва дар дидор бо ҳамтои ироқияш гуфт: Эрон пешниҳоди имзои як муоҳидаи адами таҷовуз бо кишварҳоиҳошияи Халиҷи Форср ироа кардаасст.
Давлати Эрон дар канали телеграмӣ ба нақл аз суханони вай навишт: Пешниҳоди Эрон барои имзои як муоҳидаи бидуни таҷовуз бо кишварҳои минтақа бар рӯи миз аст.
Зариф гуфт: Теҳрон беҳтарин равобити мумкинро бо кишварҳои Халиҷи Форс мехоҳад ва ҳар гуна пешниҳод барои гуфтугӯ дар мавриди ин мавзӯъ ва коҳиши танишҳоро мепазирад.
Дар ҷараёни ин дидор Ҳаким, вазири хориҷаи Ироқ ҳам гуфт, ки кишвараш ба ийфои нақши миёнҷӣ дар таниши рухдода дар минтақаи Ховари Миёнаро идома хоҳад дод.