Май 26, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ:

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии "Муомилаи қарн"-ро хоинона ва разилона унвон кард.

Ба гузориши ИРНА Алии  Лориҷонӣ дар ҷаласаи алании имрӯзи Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо ишора ба рӯзи ҷаҳонии Қудс афзуд: Дар шароити феълӣ таҳаррукоти шайтанатомезе аз сӯи мустакбирон дар қиболи Фаластин дар ҳоли анҷом аст, ки бояд дар баробари ин таҳаррукот ҳушёр буд.

Лориҷонӣ тасреҳ кард: Баргузории нишасти зиддифаластинӣ дар Баҳрайн нуқтаи нангине барои ҳамаи кишварҳое аст, ки дар ин нишаст ноҷавонмардона ширкат доранд.

Конфронси Баҳрайн, ки аввалин марҳилаи иҷроии "Муомилаи қарн" хоҳад буд, қарор аст дар рӯзҳои 25 ва 26 июн дар Баҳрайн баргузор шавад.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид кард: Дар рӯзи ҷаҳонии Қудс озодихоҳони ҷаҳон посухи қатъ ба ҷиноятҳои мустакбирон алайҳи миллати Фаластин хоҳанд дод.