Май 26, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Мӯсавӣ: Ҳеҷ гуна гуфтугӯе байни Эрон ва Амрико вуҷуд надорад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ахбори мунташиршуда ба нақл аз як мақоми кувайтӣ мабнӣ бар оғози гуфтугӯи Эрон ва Амрикоро рад кард.

Муовини вазири хориҷаи Кувайт рӯзи якшанбе иддаои мабнии гуфтугӯи Эрон ва Амрикоро матраҳ кард.

Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Ҳеҷ гуфтугӯи мустақим ё ғайримустақим байни Эрон ва Амрико вуҷуд надорад.