Май 27, 2019 16:53 Asia/Dushanbe
  • Духтари 11 солаи эронӣ рекорди зариби ҳушии Эйнштейнро шикаст

Донишомӯзи эронӣ бо шикастани рекорди зариби ҳушӣ, дар сатҳи фаротар аз ҳадди нисоби афроди нобиға қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Торо Шарифӣ, духтари эрониюласл, донишомӯзи дабиристони “Еlseberi” - и наздики Лондон, дар озмуни ҳуши муассисаи “Менсо”, вобаста ба донишгоҳи “Оксфорд” бо касби болотарин нумра ва имтиёзи 162, рекорди зариби ҳушии “Алберт Эйнштейн” ва профессор Стивен Ҳоукингро шикаст.

Ӯ дар ин озмун дар сатҳи болотар аз имтиёзи 140, ки ҳадди нисоби нобиғаҳо аст, қарор гирифт.

 

Барчасп