Май 29, 2019 19:39 Asia/Dushanbe
  • Ширкати Эрон дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ дар сатҳи мудири кул

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Исломӣ, ки қарор аст ба мизбонии Арабистон дар Макка баргузор шавад, дар сатҳи мудири кулли Вазорати умури хориҷа ширкат мекунад.

Ба гузориши ИСНА, ин иҷлос қарор аст рӯзи ҷумъа бо ҳузури теъдоде аз сарон ва мақомоти кишварҳои узви ин созмон дар Макка баргузор шавад ва барои ҳузури Эрон дар ин маросим фақат даъватномае аз сӯи дабирхонаи Созмони Ҳамкории Исломӣ ирсол шуда ва даъватнома аз сӯи кишвари мизбон, яъне Арабистон барои ҳузури Теҳрон дар ин иҷлос ирсол нашудааст.

Бар асоси урфи дипломатӣ барои даъват аз кишварҳо ҷиҳати ширкат дар ин гуна иҷлосҳо, илова бар ирсоли даъватнома аз сӯи дабирхонаи баргузории иҷлос, кишвари мизбон низ даъватномае ҷудогона барои кишварҳои узв ирсол мекунад, ки барои ширкат дар иҷлоси мазкур даъватномае барои Эрон аз сӯи Арабистон ирсол нашудааст.

Ба гузориши ИСНА, намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷадда тавассути давлати мизбон (Арабистон) дар апрели 2017 таътил шуд.

Бо вуҷуди муаррифии сарпарасти ҷадид барои намояндагӣ ва эъломи омодагии Эрон барои интихоби макони ҷадид барои намояндагии худ назди Созмони Ҳамкории Исломӣ, то кунун ҳеҷ гуна посухе аз дабирхона ва давлати мизбон тайи ду соли гузашта ба Эрон дода нашудааст.