Май 30, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба изҳорот ва иттиҳомоти вазири хориҷаи Арабистон дар иҷлоси Ҷидда

Раиси ҳайати намояндагии Эрон дар иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (OIC), иттиҳомоти вазири  умури хориҷаи Арабистон зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро рад кард.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати умури хориҷаи Эрон, Ризо Наҷафӣ, мудири кулли сулҳ ва амнияти байналмилалии вазорати умури хориҷа ва сарпарасти ҳайати Эрон дар иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар вокуниш ба иттиҳомоти Иброҳим ас-Саф (Ibrahim Assaf), вазири умури хориҷаи Арабистон, ки Эронро ба мудохила дар умури кишварҳои дигар муттаҳам карда буд, гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон иттиҳомоти ворида тавассути вазири умури хориҷаи Арабистонро мардуд медонад.

Наҷафӣ афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони яке аз бунёнгузорони Созмони Ҳамкории Исломӣ умедвор аст, иҷлоси Ҷидда, ки дар моҳи мубораки Рамазон баргузор мешавад, мӯҷиби тақвияти ваҳдати уммати исломӣ шавад ва тамаркузи худро бар мавзӯи аслӣ в  дорои авлавияти ҷаҳони Ислом, яъне масъалаи Фаластин маътуф кунад.

Дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Ҷидда Арабистон, бо эъломи пайвастани Эрон ба иҷмоъ дар бораи асноди иҷлоси вазирони умури хориҷа бо ҳадафи эъломи ҳамбстагӣ бо мардуми Фаластин, таҳаффуз(нигаҳдорӣ, ҳифз)-и Эрон ба бахшҳое аз ин аснод, ки талвеҳан метавонист ба шиносоии режими саҳюнистӣ тафсир шавад, расман эълом ва ба сурати мактуб дар ихтиёри дабирхонаи созмон қарор гирифт, то ба унвони санади расмии нишаст ба сабт бирасад.

 

Барчасп