Май 30, 2019 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар ширкат дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон бар ҳузури бошукӯҳи мардум дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳони Қудс барои муқобила бо душмании рӯзафзуни Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид кард.

Оятуллоҳ Аҳмади Ҷаннатӣ, раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо, таъйини Рӯзи ҷаҳонии Қудсро аз ибтикороти бисёр муҳимми имом Хумайнӣ (раҳ.) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва афзуд, Рӯзи Қудс рӯзе аст, ки ба маҳви режими саҳюнистӣ мунҷар хоҳад шуд.

Раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарии Эрон, Рӯзи Қудсро мутааллиқ ба ҳамаи мазлумон ва мустазъафони ҷаҳон донист ва бо таъкид бар инки бояд аз мазлумон ҳимоят кард, гуфт, Рӯзи Қудс, рӯзи дифоъ аз мазлум ва душманӣ бо золим аст, ки бо афзоиши душмании Амрико бо мусулмонон, бояд истиқомат ва муқовимат баробари ин кишвари истикборӣ, афзоиш ёбад.

Роҳпаймоии "Рӯзи ҷаҳонии Қудс", фардо ҷумъа (31 майи 2019) дар Эрон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.

 

Барчасп