Май 31, 2019 17:36 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ; талоши Арабистон барои ба ҳошия рондани ормони Фаластин иштибоҳи роҳбурдӣ аст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард; талоши Арабистон ва бархе аз кишварҳои арабии минтақа барои ба ҳошия рафтани ормони Фаластин ва ҷойгузин шудани ҳадафҳои мавҳум ва сохтагӣ, иштибоҳи роҳбурдӣ хоҳад буд.

Ба гузориши идораи кулли дипламатии Вазорати хориҷаи Эрон, Саид Аббос Мусавӣ рӯзи ҷумъа бо маҳкум кардани руйкарди Арабистони Саудӣ дар суистифода аз шароити мизбонии  Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Маккаи муккарама ва эроди итиҳомҳои беасосе алайҳи Эрон аз сӯи сарони бархе кишварҳои Араб ва Халиҷи Форс, хотирнишон кард; Ҷумҳурии исломии Эрон итминон дорад ингуна баёнияҳо назари воқеъӣ ва дидгоҳи ҳамаи аъзо нест.

Сухангӯӣ Вазорати хориҷаи Эрон гуфт; Арабистони Саудӣ баҷои истифода аз фурсати рӯзи ҷаҳонии Қудс ва баҳрагири аз ин рӯз ва нишасти сарони кишварҳои исломӣ ва Арабӣ барои тарҳ ва пайгирии ҳуқуқи мардуми Фаластин ва масалаи Қудси шариф бо рӯйкарди иштибоҳ,ба масириэҷоди ихтилоф дар байни кишварҳои исломӣ ва минтақа,ки хости режими Саҳюнистӣ аст,идома медиҳад.

Мусавӣ, талошҳои Арабистонро дар ростои иқдомоти бенатиҷаи Амрико ва режими Саҳюнистӣ зидди Эрон донист ва афзуд; ҳадафи деринаи режими Саҳюнистӣ ғофилшудани кишварҳои исломӣ ва арабӣ аз душмани аслӣ ва муштарак ва машғул шудани худ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ибрози умедворӣ нисбат ба ҷуброни заъфи Арабистони Саудӣ дар ҳимоят аз ормони Фаластин ва рӯйкарди иштибоҳи бархе кишварҳои исломии минтақа дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Макка таъкид кард кишварҳои исломӣ набояд иҷоза диҳанд масалаи Фаластин ва Қудси шариф таҳти шиъоъи сиёсатҳои тафриқаафканона ва иштибоҳоти роҳбурдӣ қарор гирад.

Шурои ҳамкориҳои Халиҷи Форс бомдоди ҷумъа дар поёни нишасти сарони ин Шуро дар Маккаи муккарама дар баёнияе итиҳомҳои дуруғин алайҳи  Ҷумҳурии исломии Эронро такрор ва Эронро ба дахолат дар умури кишварҳои минтақа мутаҳам кард.

Барчасп