Июн 01, 2019 08:35 Asia/Dushanbe
  • Баррасии густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон

Дар нишасти кумитаи Пайгирии тасмимоти давоздаҳумин ҷаласаи камисиюни муштараки Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон бар зарурати густариши муносибатҳои ду кишвар таъкид шуд.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин нишаст ба раёсати Ҷамшед Шоҳинзода муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Фарҳоди Яздондӯст мушовири Вазири нерӯи Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шуд,ки дар он раванди иҷроии тасмимоти давоздаҳумин ҷаласаи камисиюни муштараки Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст илова бар Шоҳинзод ва Яздондӯст ҳамчунин Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Эрон суханронӣ ва бар зарурати густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ,илмӣ ва омӯзишӣ ва фарҳангӣ ва гардишгарӣ таъкид кард.

Ширкаткунандагон дар нишасти Кумитаи пайгирии тасмимоти давоздаҳумин ҷаласаи Камисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар Теҳрон роҷеъ ба зарфиятҳои ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои мухталиф баҳс ва табодули назар карданд.

Дар поёни ин нишаст пратаколи кумитаи пайгирӣ,ки дар он тавофуқоти ҳосилшуда дарҷ шуд,ба имзои тарафайн расид.