Сентябр 19, 2016 10:49 Asia/Dushanbe
  • Паралимпии Рио 2016, поёни кори корвони Эрон бо 24 медал

Корвони паралимпии Эрон бо касби макони понздаҳумӣ дар ҷадвали тақсими медалҳо, ба кори худ дар олимпии Рио поён дод.

Корвони Эрон бо 8 тилло, 9 нуқра ва 7 биринҷӣ дар макони понздаҳуми ҷадвали тавзеи медалҳои паралимпии Рио қарор гирифт.  

Дурахшиши Сиёманди Раҳмон ва шикасти рекорди ҷаҳон бо маҳори вазнаи 310 килоӣ ва қаҳрамонии волейболи нишаста ва касби медали нуқраи тимҳои футболи 7 ва 5 нафара аз нукоти муҳиму ифтихорофарини корвони варзишии Эрон дар паралимпии Рио буд .

Касби 2 медали тилло тавассути Сора Ҷавонмардӣ ва Заҳро Неъматӣ аз дигар нукоти барҷастаи паралимпии Рио ба ҳисоб меояд.  

Дар ҷадвали тақсими медалҳо Чин бо 107 тилло, 61 нуқра ва 51 биринҷӣ дар садр Англия дар макони дуввум ва Украина дар ҷойгоҳи севвум қарор гирифт .