Июн 02, 2019 17:15 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Сафавӣ: Шиноварҳои бегона дар тирраси мушакҳои Эрон қарор доранд

Дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли Қуввои Эрон гуфт: Тамоми новгонҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс дар бурди мушакҳои соҳил ба дарёи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор доранд.

Сарлашкар Сафавӣ, дастёр ва мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли Қуввои Эрон рӯзи гузашта дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс бо ишора ба ин, ки амрикоиҳо беш аз 25 пойгоҳи низомӣ дар саросари минтақа доранд, афзуд: Амрикоиҳо ба хубӣ медонанд, ки дар Халиҷи Форс тамоми новгонҳои онон дар бурди мушакҳои соҳил ба дарёи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорон қарор доранд.

Сарлашкар Сафавӣ бо баёни ин, ки шиллики аввалин тир дар Халиҷи Форс қимати нафтро 100 доллар хоҳад кард, тасреҳ кард: ин нафти 100 долларӣ барои Амрико, Аврупо ва дӯстони Амрико, монанди Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ қобили таҳаммул нахоҳад буд.

Сарлашкар Сафавӣ бо баёни ин, ки Эрон ҳамвора ба дунболи равобити дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя аст, афзуд: Стратегияи Эрон душманӣ надоштан бо ҳамсоягон аст ва ҳатто Эрон ҳозир ба имзои паймони адами тахосум бо кишварҳои ҳамсоя аст.