Июн 02, 2019 19:18 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди саиди Фитри Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоб

Намози иди саиди Фитри Теҳрон ба имомати ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иқома мешавад.

Ситоди баргузории намози иди Фитри Теҳрон эълом кард: Маросими бошукӯҳи иқомаи намози иди саиди Фитри Теҳрон ба имомати ҳазрати  Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб ва дар мусаллои Имом Хумайнӣ (р) баргузор мешавад.

Дар фарҳанги исломӣ, нахустин рӯзи моҳи Шаввол ба унвони иди Фитр ва ҷашни бозгашт ба фитрат таъин шудааст.