Июн 03, 2019 19:37 Asia/Dushanbe
  • Фардо – сиюмин солгарди реҳлати бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фардо чаҳордаҳуми хурдод, баробар бо чаҳоруми июн, сиюмин солрӯзи реҳлати бунёнгузор ва раҳбари бузурги инқилоби исломӣ - имом Хумайнӣ (раҳ) аст.

Имом Хумайнӣ (раҳ) шахсияти мубориз ва мутафаккири огоҳ нисбат ба масоили Эрон ва ҷаҳони Ислом буд. Ба ҳамин иллат, бо гузашти се даҳа аз реҳлати эшон, андешаҳои динӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии имом (раҳ) ҳамчунон равшанибахши роҳи пурпечухами имрӯз аст.

Имом Хумайнӣ (раҳ) бо пойдорӣ дар муқобили низоми фосид ва истибдодии шоҳ дар Эрон ҳеҷгоҳ аз таҳдидҳо ва табъид шудану саркӯбҳо наҳаросид, зеро мафҳуми воқеии инқилобӣ буданро бовар дошт.

 

Ба ҳамин иллат аст, ки Амрико аз ибтидои пирӯзии инқилоб бо эъмоли таҳримҳо ва тавтеаҳо ва баҳонаҷӯиҳои мухталиф, дар садади душманӣ бо Эрон баромад ва дар ин давра низ талош мекунад бо эҷоди эътилоф алайҳи Эрон, монеъ аз пешрафт ва пӯёии низоми ҷумҳурии исломӣ ва ҳаракати инқилобии рӯ ба пеш шавад.

Имрӯз миллати Эрон дар ҳоле ёди имоми роҳил ва ормонҳои волои меъмори кабири инқилоби исломӣ ва бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эронро гиромӣ медорад, ки мусаммам аст бо ҳамон иродаи қавӣ ва ба таъбири Раҳбари муаззами инқилоб дар “ҷанги иродаҳо”, гоми дувуми инқилобро дар масири “роҳи пурифтихори тайшуда” бо умед ба ояндаи равшантар бардорад.

 

Барчасп