Июн 05, 2019 20:18 Asia/Dushanbe
  • Табрики Лориҷонӣ ба раисони маҷолиси кишварҳои исломӣ ба муносибати иди Фитр

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон фаро расидани иди саиди Фитрро ба раисони маҷолиси кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар паёме ба раисони маҷлиси кишварҳои исломӣ таъкид кард, гузар аз шароити душвори кунунӣ дар ҷаҳони Ислом танҳо бо наздикӣ ҷустан ё тамассук бар омӯзаҳо ва маорифи волои дини мубини Ислом ва сираи набавӣ имконпазир аст.

Лориҷонӣ ибрози умедворӣ кард, дар партави баракоти аъёди бузурги мусалмонон, уммати исломӣ бо ҳамдилӣ ва ваҳдат ба сӯйи ояндае равшан ва саршор аз некбахтӣ ва саодат раҳнамун шаванд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин сарбаландӣ, иззати рӯзафзун, муваффақият ва саломатӣ барои мусалмонон орзу кард.

Имрӯз (чаҳоршанбе) дар бештари кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон иди саиди Фитр эълом шудааст.

Дар дини Ислом нахустин рӯзи моҳи шаввол ба унвони иди Фитр таъйин шудааст, зеро мусалмонони рӯза‎дор дар моҳи Рамазон бо ибодат ва истиғфор аз гуноҳони худ талош мекунанд олудаги‎ҳои ботиниро аз рӯҳу ҷони худ аз байн бибаранд ва ба фитрати воқеии хеш баргарданд.