Июн 07, 2019 16:27 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Душанбе

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба даъвати ҳамтои тоҷики худ 14-уми июн ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ин сафар дар конфронси "Таомул ва эътимодсозӣ дар Осиё" ширкат хоҳад кард.

Ҳузури раисҷумҳури Эрон дар ин конфронс дар сафари расмии Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон тасдиқ шудааст.

Сафари ояндаи Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон баъд аз сардии равобит миёни ду кишвар дар чанд соли ахир метавонад оғози марҳилаи ҷадид барои беҳбуди равобити миёни Теҳрон ва Душанбе талаққӣ шавад.

Душанбе ва Теҳрон дар моҳҳои ахир гомҳои мусбати бисёреро дар масири таҳкими равобити дуҷониба бардоштаанд, ки аз он ҷумла метавон ба сафари ахири вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон ва барқарории дубораи парвозҳо миёни ду кишвар ишора кард.

 

 

Барчасп