Июн 08, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамони теквандокори эронӣ дар рақобатҳои Гран Прии Италия

Намояндаи вазни минҳои 68 киллограми теквандои Эрон бо шикасти унвондорони ҷаҳон ва олемпик , ба медали тиллои рақобатҳои Гран Прии Италия расид.

Мирҳошим Ҳусейнӣ намояндаи вазнҳои минҳои 68 киллограми теквандои Эрон дар рӯзи нахусти мусобиқаҳои Гран Прии Италия бо шикасти ҳарифоне аз Амрико, Бразилия,Кровосӣ, Чин ва Кареаи ҷануби бар секуи нахусти ин рақобатҳо истод ва медали тиллоро бар гардан овехт.

Саҷод Мардонӣ намояндаи вазни минҳои 80 киллограми теквандои Эрон низ дар ин рақобатҳо ба медали биринҷӣ даст ёфт.

Марҳилаи нахусти мусобиқоти Гран При дар соли 2019 аз рӯзи ҷумъа бо ҳузури 155 теквандокор аз 53 кишвар дар Рум оғоз шудаас ва ба муддати 3 рӯз идома хоҳад дошт.

Барчасп