Июн 08, 2019 17:17 Asia/Dushanbe
  • Авҷгирии равобити Теҳрон - Душанбе  

Мардум ва давлатҳои Эрон ва Тоҷикистон пеш аз он ки ҳамсояи ҳам бошанд, аз як буму барзан будаанд, ба гунае, ки иштирокоти зиёди онон иборат аз иштирокоти динӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳамзабонии оҳоди мардуми ин ду хитаро пайванде ногусастанӣ задааст ва фақат марзҳои сиёсии ин дуро дар зоҳир аз якдигар ҷудо кардааст.

Аз сӯи дигар, нигоҳи мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси дастурот ва омӯзаҳои динӣ ба ҳамсоягон ва ба вижа ба мусалмонон ва ҳамзабонони худ - нигоҳи бародарона, дӯстона ва ба фармудаи мақоми муаззами раҳбарӣ “нигоҳи хешовандона аст”.

Чанде пеш, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дидори Раҳбари муаззами инқилоб шитофта буд, мақоми муаззами раҳбарӣ пас аз шунидани гузориши иқдомоти Раҳмон дар Тоҷикистон ва дархости ӯ барои тақвияти равобити ду кишвар фармуданд: Робитаи байни Эрон ва Тоҷикистон фақат робитаи ду кишвари дӯст ва ҳамсоя нест, балки болотар аз он робитаи хешовандӣ аст.

Эшон изҳор доштанд: “Мо тоҷикистониҳоро хешованди худ медонем”.

Ин ҷумлаи мунҳасир ба фард, шояд битавон гуфт барои танҳо мардуми Тоҷикистон аз лисони Раҳбари муаззами инқилоб берун омад ва муҷиби итминони қалбҳои мардуми ду кишвар шуд. Ҳарчанд чанд сабоҳе сиёсатҳои музавварона (риёкорона)-и Ғарб ва ҳамдастони муздури он ҳамчун Арабистон бо долларҳои амрикоӣ то ҳадде равобити ду кишварро дучори сардӣ карда буд, аммо гузашти замон ҳамчун ҳамеша ниқоб аз рухи раққосони сиёсии Ғарб барчид ва мардуми Тоҷикистон ва давлати ин кишвар дарёфтанд, ки ҳеҷ кишваре ҷуз Эрон дилсӯзи онон набудаву нест. Зеро ки ваъдаҳои ҳавоии Ғарб исбот кард, ки омили пойдории ҳар робитаи пойдори байни давлатҳо ва миллатҳо ҷуз садоқат дар гуфтор ва кирдор нест, ки ин муҳим дар сиёсатҳои мудаббиронаи Раҳбари муаззами инқилоб ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон намудор аст.

Акнун бо интисоби ду сафири ҷадиди Эрон ва Тоҷикистон ва сафари вузарои хориҷаи ду кишвар ба Душанбе ва Теҳрон ва баргузории ҷаласоти зиёди дипломатӣ, шуълаи умед дар дили тоҷикистониҳову эрониҳо падидор шудааст. Албатта набояд аз дастгоҳҳои расонаии империалистӣ, ки хаймаҳояшонро бар сари тоҷикон густаронидаанд, ғофил буд. Баррасиҳои аснодӣ ва майдонӣ дар Тоҷикистон аз як сӯ ва изҳороти мардуми худоҷӯи ин кишвар аз сӯи дигар баёнгари сиёсати расонаии ин кишварҳо бар пастии фикрии фарҳангӣ устувор буда ва сарони ин расонаҳо ҷуз ба тарвиҷи фасоди ҷинсӣ ва олудагии рӯҳии насли ҷавони Тоҷикистон ва афзоиши вобастагии ин кишвар барои эътои имтиёзоти иқтисодӣ ва сиёсии бештар ба давлатҳои ғарбӣ ва риёкориаш ба чизи дигаре фикр намекунанд ва танҳо расонаи пок, бино ба эътирофи мардум ва андешамандони Тоҷикистон фақат Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки зимни ҳифзи истиқлол ва ҳувияти давлат ва кишвари Тоҷикистон, дар пайи тақвияти равобити фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ду кишвар будаву ҳаст ва шоҳиди ин муддао назарсанҷии соли 2018-и сайти “Миллат” аз мардуми Тоҷикистон бо ҳадафи кашфи маҳбубтарин радио дар ин кишвар аст. Дар он назарсанҷӣ радиои “Садои Хуросон” бо раъйи мардум ва мухотабони тоҷикистонӣ дар байни радиоҳои хориҷӣ рутбаи нахустро тасоҳуб кард, ки ин амр нишонгари ваҳдати назарӣ ва амалии мардуми Тоҷикистон бо сиёсатҳои расонаии Эрони исломӣ аст.

Ахиран дар сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон ёддошти тафоҳум байни ду кишвар ба имзо расид ва дар он бар тақвияти равобити чандҷонибаи ду кишвар таъкид шуд, ки дар он бар анҷоми иқдомҳои пешгирона дар заминаи таҳдидҳои терроризм ва ифротигароӣ ва мамониат аз маблағгузории террористҳо ва пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва маводи мунфаҷира ва низ баҳрамандии ду кишвар аз таҷрибиёти муфиди якдигар таъкид шудааст. Ва бар асоси ин ёддошт бояд аз ҳар гуна фаъолияти гурӯҳҳои террористии тундрав, ки муздурони Амрико ва Исроилу Арабистон мебошанд, ҷилавгирӣ шавад.

Акнун вақти он расидааст, ки ғуборҳои тирагии равобити ду кишвар зудуда шуда ва дубора равобити дӯстонаи ду кишвар бо дирояти давлатмардони Эрон ва Тоҷикистон аз сар гирифта шавад, ки албатта яке аз нишонаҳои беҳбуди равобит барқарории дубораи хати парвози Машҳад-Душанбе аст, ки муқаддимаест бар авҷгирии равобити ду кишвари хешованд. Ҳарчанд то чанд рӯз дигар (яъне 15 июн 2019/ 25 хурдоди 1398) қарор аст панҷумин нишасти таомулот ва эътимодсозии Осиё бо ҳузури сарони кишварҳои минтақа дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури дуктур Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шавад ва масоили муҳими ду кишвар мавриди баррасии дақиқтар қарор гирад.

 

Муаллиф: Муҳсини Беҳном

Барчасп