Ҳазинаи 66 миллиард долларии ҷанги режими Исроил дар Ғаззаву Лубнон
(last modified Tue, 08 Oct 2024 07:24:27 GMT )
Октябр 08, 2024 12:24 Asia/Dushanbe
  • Хароҷоти ҳангуфте, ки Натанёҳу дар ҷанг алайҳи Ғаззаву Лубнон мутаҳаммил шуд
    Хароҷоти ҳангуфте, ки Натанёҳу дар ҷанг алайҳи Ғаззаву Лубнон мутаҳаммил шуд

Нашрияи амрикоии “Форин полисӣ”, ба нақл аз Бонки марказии режими Исроил, ҳазинаи ҷории ҷанги Ғаззаву Лубнонро 66 миллиард доллар баровард кард.

Ин нашрияи амрикоӣ ҳамчунин навишт, бар асоси бароварди Бонки марказии режими Исроил, ҷанги ин режим зидди борикаи Ғаззаву Лубнон, ҳазинае муодили 12 дарсади тавлиди нохолиси дохилии режими Исроилро балъида аст.

Вазорати дороии режими саҳюнистӣ душанбешаб (ҳафтуми октябр) дар гузорише эълом кард, ҳазинаи мустақими таъмини молии ҷанг дар Ғазза то моҳи августи соли ҷорӣ 26. 3 миллиард доллар будааст.

Режими саҳюнистӣ ҳамчунин эълом кард, ҳазинаи ҷанг ба далели дифои ҳавоии “Гунбади оҳанин”, басиҷи неруҳо дар миқёси бузургу кампайнҳо, сангин аст.

Бар асоси ин гузориш, мизони бидеҳии Исроил ба тавлиди нохолиси дохилӣ ба 67 дарсад расид, дар ҳоле ки касрии буҷети давлатии ин режим низ 8. 3 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ аст, ки бисёр болотар аз 6. 6 дарсадӣ аст, ки қаблан пешбинӣ шуда буд.

Дар ин ҳол, бар асоси мутолеоти анҷомшуда аз сӯи донишгоҳи Брауни Амрико, ки рӯзи душанбе мунташир шуда, аз оғози ҷанги Исроил зидди борикаи Ғазза, Амрико дастикам 17. 9 миллиард доллар барои кумакҳои низомӣ ба режими Исроил ҳазина кардааст.

Режими Исроил бо ҳимояти Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 ҷанги вайронгареро алайҳи сокинони борикаи Ғазза ба роҳ андохтааст, ки бар асари он афзун бар вайрониҳои азиму қаҳтии маргбор, беш аз ҳазорон фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, шаҳиду захмӣ шудаанд.