Алҳусӣ хитоб ба саҳюнистҳо: Мунтазири борони мушакҳои фаросавт тайи рӯзҳои оянда бошед
(last modified 2024-10-08T11:23:05+00:00 )
Октябр 08, 2024 16:23 Asia/Dushanbe
  • Алҳусӣ хитоб ба саҳюнистҳо: Мунтазири борони мушакҳои фаросавт тайи рӯзҳои оянда бошед

Узви Шӯрои олии сиёсии Яман дар изҳороте ҳамзамон бо солрӯзи амалиёти “Тӯфони Алақсо” зидди режими саҳюнистӣ, зимни тамҷид аз амалкарди гуруҳҳои муқовимати Фаластин ва минтақа, аз тасмими неруҳои мусаллаҳи Яман барои мушакборони сарзаминҳои ишғолӣ тайи рӯзҳои оянда хабар дод.

Муҳаммадалӣ Алҳусӣ, узви Шӯрои олии сиёсии Яман рӯзи душанбе изҳор дошт: Миллати Фаластин ҳамеша дар сангари аввалу хати муқаддами набард буда ва ҳамчунон ҳастанду ҳаргиз таслим нашудаву ақибнишинӣ накардаанд. Миллати Фаластин ваҳшатзадаи бомбаҳои Амрико ё муҳосираи Исроил нашуданд.

Ин мақоми яманӣ ҳамчунин хотирнишон кард: Ғазза улгӯе дар таърихи уммати Ислом ироа кард, ки дар 100 соли гузашта иттифоқ науфтодааст.

Муҳаммадалӣ Алҳусӣ хитоб ба мақомоти режими саҳюнистӣ низ таъкид кард, амвоҷи мушакҳои фаросавт дар рӯзҳои оянда ба сурати боронҳои пайдарпай ба самти шумо хоҳад омад то таъми онро бичашед.

Артиши Яман тайи моҳҳои гузашта дар ҳимоят аз муқовимати миллати Фаластин дар навори Ғазза ва дар чорчӯби амалиёти “Тӯфони Алақсо” чанд киштии саҳюнистӣ ё киштиҳои озими сарзаминҳои ишғолиро дар дарёи Сурх ва тангаи Бобулмандаб ҳадаф қарор дод.

 

Барчасп