Июн 09, 2019 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Эрон баргузор мешавад

Муовини Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон аз гушоиши ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадҳусейни Ҳошимӣ муовини Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар дидори Аҳмад Қурбонов сафири Туркманистон дар Теҳрон ҳадаф аз баргузории ҳафтаҳои фарҳангиро шинохт ва дарки муштараки ду миллат аз якдигар донист ва гуфт, фарҳанг нақши умдае дар иртибототи байналмиллалӣ ифо мекунад ва мақулае бунёдин дар равобити байналмиллал ба ҳисоб меояд.

Ҳошимӣ бо ишора ба баргузории ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Эрон афзуд, дар ин руйдоди фарҳангӣ аз тамоми ҳавзаҳои ҳунарӣ ва фарҳангӣ ҳамчун китоб, филм, мусиқӣ, театр ва саноати дастӣ баҳра гирифта мешавад.

Муовини Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон  намоишгоҳи осори ҳунармандони туркаманӣ дар Теҳрон, ҳафтаи филм, мизигирди ҳунармандони Эрон ва Туркманистон бо мавзӯи "Роҳи абрешим" ва иҷрои мусиқии суннатии ин кишвар дар Теҳронро аз дигар барномаҳои ин ҳафтаи фарҳангӣ баршуморд.

Сафири Туркманистон дар Теҳрон низ бо ибрози хурсандӣ аз тавсеаи муносиботи миёни ду кишвар гуфт, зарфиятҳои бисёре дар ду кишвар барои тавсеаи иртибототи фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки бояд бо барномарезии муносиб дар ростои манофеи ду миллат баҳра бурд.

Ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Эрон ба мизбонии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва бо ҳамкории Вазорати фарҳанги Туркманистон 16 то 18 июн дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.