Зариф: Сиёсатҳои Амрико ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор гирифтааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44349-Зариф_Сиёсатҳои_Амрико_ҳамаи_кишварҳоро_ҳадаф_қарор_гирифтааст
Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сиёсатҳои мухриби Амрико таъкид кард: Сиёсатҳои Амрико фақат Эронро ҳадаф қарор надода, балки ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Сиёсатҳои Амрико ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор гирифтааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба сиёсатҳои мухриби Амрико таъкид кард: Сиёсатҳои Амрико фақат Эронро ҳадаф қарор надода, балки ҳамаи кишварҳоро ҳадаф қарор додааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин, ки бисёре аз кишварҳо худро аз сиёсатҳои якҷонибаи Амрико канор кашидаанд, гуфт: Амрико аз сари заъф ба Эрон фишор ворид мекунад ва Ҷумҳурии исломии Эрон фишорҳоро бо муваффақият пушти сар хоҳад гузошт.

Зариф бо ишора ба тасими Чин ва Русия мабнӣ бар истифода накардан аз доллар дар мубодилоти иқтисодӣ изҳор кард: Сиёсати ҷанги иқтисодии Амрико ба ҷаҳон зарба мезанад, лизо бояд ин сиёсат мутаваққиф шавад.