Вазири хориҷаи Олмон: Талош мекунем, аммо наметавонем муъҷиза кунем
Вазири хориҷаи Олмон дар нишасти хабарӣ бо ҳамтои эронии худ дар Теҳрон гуфт, талош мекунем БарҶом (тавофуқи ҳастаӣ) идома ёбад, аммо наметавонем муъҷиза кунем.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Ҳайку Мас баъд аз зӯҳри имрӯз, душанбе, дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, дар шароити кунунӣ муҳим аст, ки гуфтугӯҳои Эрон ва Олмон баргузор шавад ва табодули ошкори назарот сурат гирад.
Вай афзуд: “Мо дар минтақае ҳузур дорем, ки шароити ҳассос ва ҷиддӣ дорад ва фикр намекунам афзоиши таниш ва расидан ба мароҳили низомӣ дар ростои манофеи ҳеҷ касе бошад, ба ҳамин далел лозим аст аз расидан ба ин шароит ҷилавгирӣ кунем”.
Вазири умури хориҷаи Олмон идома дод: “Ҳеҷ як аз тарафҳое, ки дар ин чанд рӯз дар Урдун, Ироқ ва Иморот бо онҳо гуфтугӯ доштам, хоҳони афзоиши танишҳо набуд ва ин паёме буд, ки ман имрӯз мехостам ба Теҳрон аз минтақа ба шумо интиқол диҳам”.
Мас изҳор дошт: “Мо имрӯз сӯҳбатҳои фишурдае дар хусуси БарҶом ва наҳваи идомаи он доштем ва мавзеи ҳимояти се кишвари аврупоӣ дар ҳимоят аз онро эълом кардем. Албатта наметавонем муъҷизае дошта бошем, вале талош мекунем, ки БарҶом идома ёбад”.
Вай таъкид кард, “дар ин чорчӯб талош мекунем “Инстекс”-ро ҳам дар қолаби се кишвари аврупоӣ ва ҳам фаротар аз он роҳандозӣ ва иҷро кунем”.
“Инстекс” ё абзори пуштибонии мубодилоти тиҷорӣ - муассисае аст, ки ин иҷозаро медиҳад, ки бидуни анҷоми муровидоти молӣ байн Эрон ва Иттиҳоди Аврупо тиҷорат ҳамчунон сурат гирад.