Июн 11, 2019 11:30 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Эрон дар муқобили терроризми иқтисодии Амрико истодагӣ мекунад

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард, Эрон ҳаргиз бо фишор дар бунбаст қарор нахоҳад гирифт.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳасани Руҳонӣ рӯзи душанбе дар дидори Ҳайко Масс вазири умури хориҷаи Олмон дар Теҳрон гуфт, амнияти минтақа ҳаргиз бо иҷрои фишор ва таҳрими миллати Эрон ҳосил нахоҳад шуд.

Вай афзуд, Амрико бо таҳримҳои золимонаи Эрон дар масири терроризми иқтисодӣ ҳаракат мекунад лизо Эрон дар муқобили касоне, ки дору ва ғизоро ба руи мардум мебанданд, меистад.

Руҳонӣ ба ваъдаҳои сареҳи серони се кишвари аврупоӣ (Англия, Олмон ва Фаронса) дар яксоли гузашта мабнӣ бар пойбандияшон бар таъаҳуди худ ва талош барои ҷуброни хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар муҳлати таъиншуда ишора кард ва гуфт, агар кишварҳои аврупоӣ муътақиданд, ки БАРҶОМ ба нафъи муносиботи Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо ва тавсеаи сулҳ, субот ва амнияти минтақааст, бояд сареътар барои ҳифзи он талош карда ва иқдомоти амалӣ ва ҷиддӣ дошта бошанд.

Раиси Ҷумҳури исломии Эрон ин иддаоро, ки Эрон ба дунболи сохти силоҳи ҳастаӣ аст, нодуруст хонд ва гуфт, 15 гузориши Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ва муҳимтар аз он фатвои раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ мабнӣ бар ҳаром будани сохти силоҳи ҳастаӣ нишон медиҳад, ки ин иддао дуруст нест.

Ҳайко Масс низ дар ин дидор хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БАРҶОМро иқдоме иштибоҳ ва нодуруст донист ва изҳор кард, Олмон бо сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон ихтилофи назарҳои зиёде дорад ва талош мекунад, то бо ҳамкории дигар кишварҳои аврупоӣ ба вижа Фаронса ва Англия БАРҶОМро ҳифз карда ва таъаҳудоти худро амалиётӣ кунад.

Вазири умури хориҷаи Олмон таъкид кард, агар касе бо таърихи Эрон ошно бошад ба хубӣ медонад, ки стратежии фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи миллати Эрон ҳаргиз ҷавоб намедиҳад.

Ҳайко Масс вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи душанбе барои дидор бо раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон ба Теҳрон сафар кард.