Сентябр 19, 2016 18:12 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс зидди Эронро фарофикании иртиботи ваҳобият бо аъмоли террористӣ донист.

Баҳроми Қосимӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе, иттиҳомоти баёнияи Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс зидди Эрон дар Ню-Йоркро, такрорӣ ва беасос хонд ва гуфт, ин баёния дар чорчӯби фарофикании иртиботи ваҳобият ва ҳомиёни расмии он> бо аъмоли террористӣ дар ду даҳаи ахир содир шудааст.

Қосимӣ тасреҳ кард, таҳмили дидгоҳҳои муғризона ва яктарафа аз тарафи як узви пурмуддаои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ба нишастҳои маҳдуд ва бастаи дипломатӣ, токтики шикастхӯрда ва беэътибор аст.

Вай таъкид кард, саудиҳо наметавонанд бо ин гуна таҳаррукот ва таҳрикот аз масъулияти посухгӯӣ дар муқобили кушта шудани ҳазорон зоири Хона Худо шона холӣ кунанд.

Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дар нишасти ахири худ дар Ню-Йорк, ки дар дафтари намояндагии Арабистон баргузор шуд, тайи баёнияе Эронро муттаҳам ба сиёсӣ кардани фаризаи Ҳаҷ кардааст.