Июн 12, 2019 15:46 Asia/Dushanbe
  • Танҳо роҳи коҳиши таниш дар минтақа - таваққуфи ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Эрон

Танҳо роҳи коҳиши таниш дар минтақаи ғарби Осиё, таваққуфи ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи Олмон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи Эрон барои ҷаҳон бисёр хатарнок аст, афзуд, набояд таваққуъ дошт, касоне, ки ҷанги иқтисодӣ алайҳи мардуми Эронро роҳ андохтаанд ва ё онро ҳидоят мекунанд, дар амон бошанд.

Ҳайку Мас низ дар ин нишасти хабарии муштарак бо баёни ин ки таъсиргузории хориҷ аз минтақаи ғарби Осиё бар рӯйи кишварҳои ин минтақа боиси ба вуҷуд омадани бесуботӣ мешавад, изҳор дошт, таниши мавҷуд дар минтақаи ғарби Осиё бисёр хатарнок аст.

Акнун душманони Эрон ва дар садри онҳо Амрико вориди ҷанги иқтисодӣ бар зидди миллати Эрон шудаанд, аммо ҳадаф аз ин ҷанги иқтисодӣ чист?

Фазосозиҳои таблиғотӣ ва равонӣ нишон медиҳад, ки дар гоми нахуст, Амрико дар садад аст бо ҷанги иқтисодӣ сабаби ҷудоӣ миёни мардум ва низом шавад. Бо ҳамин ҳадаф Амрико ҳатто талош кард ба баҳонаи таҳримҳо монеъ аз расидани кумакҳои инсондӯстона ба селзадагони Эрон шавад.

Аммо ҳадафи дувум аз ин ҷанги иқтисодӣ эҷоди ихлол дар раванди рушд ва тавсеаи иқтисоди Эрон аст.

Амрико бо таҳмили қавонини дохилии худ, кишварҳои дигар ва ширкатҳои хориҷиро водор ба пайравӣ аз таҳримҳое мекунад, ки фоқиди машрӯияти байналмилалӣ аст, яъне хилофи қонунҳои байналмилал аст. Ин дар ҳолест, ки қатъномаҳои зиёде аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милал содир шуда, ки давлатҳоро аз эъмоли муқаррароти фаросарзаминӣ манъ мекунад.

Банди 2 –и моддаи 7 –и маншур низ нозир бар асли адами мудохила дар умури дохилии давлатҳост. Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БарҶом) низ, ки як тавофуқи чандҷониба бо замонати иҷроҳои сиёсӣ аст, таҳти пӯшиши ҳамин усул имзо шуд. Ба ҳамин далел Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи 2231-ро шаш рӯз пас аз имзои БарҶом ба тасвиб расонд, ки дар он зимни лағви қатъномаҳои пешини таҳримӣ алайҳи Эрон, Барҷомро таъйид ва хостори иҷрои комили он бар асоси барномаи замонии мундариҷ дар он гардид.

Бинобар ин, иқдоми Амрико дар хуруҷ аз БарҶом ва эъмоли муҷаддади таҳримҳо нақзи ошкори қатъномаи Шӯрои амният аст, ки бо ҳеҷ тавҷеҳе қобили дифоъ нест. Ин рравия қатъан таъсири мухаррибе бар ҳокимияти қонун, чандҷонибагароӣ ва бунёнҳои дипломатӣ дорад. Шакке нест, ки таҳримҳои якҷонибаи вазъшуда аз тарафи Амрико бар зидди Эрон, ба вижа пас аз нақзи БарҶом, ки анвои густурдае аз содироту воридоти колоҳои тиҷорӣ, нафт, петрошимӣ, санъати ҳамлунақл ва мубодилоти арзиву бонкӣ ва ҳатто воридоти дору ва маводи ғизоиро шомил мешавад, муғойири тазмини сулҳ ва таҳкими амнияти ҷаҳонӣ аст.

Дар чунин вазъияте ду роҳ бештар вуҷуд надорад: роҳи аввал таслим шудан дар муқобили зӯргӯии Амрико ва боҷ додан ба як давлати қонунгурез аст, ки интихоби ин роҳ қатъан ба зиёни ҳамаи кишварҳо тамом хоҳад шуд ва натиҷаи он дар ниҳоят буҳрон ва танишу ноамнии ҷаҳонӣ аст.

Роҳи дувум, аммо напазируфтани ҳарфи зӯр ва дифоъ аз манофеи қонунии ҳамаи кишварҳо дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал аст. Аз ин рӯ, агар Аврупо ба таври ҷиддӣ нигарони таниш ва буҳрону амнияти минтақа аст, танҳо роҳи он истодагӣ дар муқобили таҳримҳо ва талош барои таваққуфи ҷанги иқтисодӣ алайҳи Эрон аст.

Он гуна, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар дидори Ҳайку Мас, вазири умури хориҷаи Олмон таъкид кард, амнияти минтақа ҳаргиз бо эъмоли фишор ва таҳрими миллати Эрон ҳосил нахоҳад шуд.

Акнун бояд дид, оё Аврупо мехоҳад, ки аз охирин фурсатҳо барои ҳифзи БарҶом ва ҷуброни костиҳои таҳмилшуда бар тиҷорат ва рушди иқтисодӣ дар Эрон истифода кунад?

 

Барчасп