Июн 12, 2019 18:36 Asia/Dushanbe
  • Обе дар Теҳрон: Сафари таърихии нахуствазири Ҷопон ба Эрон оғоз шуд

Нахуствазири Ҷопон бо вуруд ба фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон, сафари дурӯзаи худро ба Эрон оғоз кард.

Ба гузориши ИРНА, Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва дипломатӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон, вориди Теҳрон шуд.

Нахуствазири Ҷопон дар фурудгоҳи байналмилалии Меҳрободи Теҳрон мавриди истиқболи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон қарор гуфт.

Обе имрӯз дар Кохи Саъдободи Теҳрон бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва музокира мекунад.

Дидору гуфтугӯ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, муҳимтарин барномаи сафари нахуствазири Ҷопон дар Теҳрон барои фардо, панҷшанбе барномарезӣ шудааст.

Имрӯз ҳамчунин вазирони умури хориҷаи Эрон ва Ҷопон бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар даври аввали дидор бо Таро Коно, вазири умури хориҷаи Ҷопон дар Теҳрон гуфт, Эрон дар шароити сахти кунунӣ, барои рифоҳ ва осоиши мардуми худ роҳҳоеро хоҳад ёфт, ки аз ҷумлаи он таҷдиди назар дар буҷа ва иҷрои сиёсатҳои молӣ бидуни такя ба нафт аст.

Зариф бо ишора ба равобити деринаи Эрон ва Ҷопон ва 90 соли равобити дипломатии ду кишвар изҳор дошт, Ҷопон дӯст ва шарики хуби Эрон дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Ҷопон низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Эрон гуфт, сафари Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон ба Эрон, сафар ба як кишвари дӯст ва таърихӣ аст.