Июн 13, 2019 18:33 Asia/Dushanbe
  • Ҷанги имрӯзи ҷаҳон, иқтисодӣ аст

Як мақоми масъул дар устондории Хуросони Разавӣ бо ҳузур дар нишасти ҳамандешӣ дар маҳалли радио тоҷикии “Садои Хуросон” бо ишора ба нақши занон дар муваффақияти кишварҳои исломӣ гуфт: “Ҷанги имрӯзи ҷаҳон, иқтисодӣ аст ва агар нақши занон дар кишварҳои исломӣ ҷиддӣ гирифта шавад, касби муваффақият ва пирӯзӣ дур аз дастрас нест”.

Мудири кулли умури бонувон ва мушовири устондори Хуросони Разавӣ дар ҷаласаи ҳамандешии бонувони корофарини Хуросони Разавӣ ва бонувони корманди радио тоҷикии “Садои Хуросон” гуфт: “Ҳузури бонувон дар арсаи иқтисоди хонавода ва ҷомеа, ҳамвора муассир буда ва таваҷҷуҳ ба мушкилоти бонувони тавлидкунандаи колоҳои мухталифи санъатии Эрон аз муҳиммтарин дағдағаҳои устондории Хуросони Разавӣ аст”.

Фаришта Салҷӯқӣ таъкид кард, барои суръат бахшидан дар раванди судури колоҳо ва хадамот бо мудирияти бонувон аз Хуросони Разавӣ ба Тоҷикистон талош мекунем.

Image Caption

Дар идомаи ин ҷаласа Мухтор Фарзодӣ, мудири радио тоҷикии “Садои Хуросон” бо ишора ба нақши муассири бонувони эронӣ ва хориҷӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Афғонистон дар радиоҳои бурунмарзии маркази Садо ва симои Хуросони Разавӣ гуфт: “ду радиои тоҷикӣ ва дарӣ дар канори 4 сайти мутааллиқ ба радиоҳои бурунмарзӣ, омодаи интиқоли таҷрибиёт ва улуми фанноваронаи бонувони корофарини устон ва кишварҳои Тоҷикистон ва Афғонистон аст”.

Муҳаммадризо Хайрободӣ, мудири радио Дарӣ низ дар идома ба ташреҳи хадамоти ин радио пардохт.

Дар поёни ин ҷаласа Саҳари Аминӣ, раиси Комиссияи бонувони Хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати устони Хуросони Разавӣ бо тақдир аз хадамоти расонаи устонӣ ва радиоҳои бурунмарзӣ гуфт: Ҳадафи аслии мо тақвияти бунияи тавлиди бонувони корофарини устон ва равонсозии содироти коло аз устони Хуросони Разавӣ ба соири кишварҳои ҳамсоя аст.

Вай ҳамчунин хостори бозтоби расонаии хадамоти бонувони корофарин дар ин устон ва кишварҳои ҳамҷавор шуд.

Ин нишаст дар посдошти чаҳорумин соли оғози тавлид ва пахши барномаи радиоии “Якгавҳар”, бо меҳварияти бонувони корофарин дар маҳалли радио тоҷикии “Садои Хуросон” баргузор шуд.