Июн 14, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Эрон иддаои Амрикоро дар бораи ҳодисаи нафткшҳо рад кард

Намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид бомдоди ҷумъа дар баёнияе иддаои беасоси Амрикоро дар иртибот бо ҳодисаи нафткшҳо дар баҳри Умон рад кард.

Ба гузориши ИРНА, намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар ин баёния таъкид кард, ҳузури густардаи низомии Вашингтон дар минтақа ҳамвора маншаи аслии ноамнӣ ва бесуботӣ дар Халиҷи Форс будааст.

Дар баёнияи намояндагии доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид омадааст, Амрико ва муттаҳидони минтақаии ин кишвар бояд аз ҷангталабӣ даст бардошта, ба тавтеаҳои фитнаангезона ва амалиётҳои махфиёнаи худ бо ҳадафи муттаҳам сохтани дигарон дар минтақа поён диҳанд. Дар баёнияи намояндагии доими Эрон дар Созмони Милал тасреҳ шудааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ҳушдори дубора дар бораи зӯргӯиҳо, ҳаросафканиҳо, таҳдиду рафторҳои шариронаи Амрико нигаронии худро дар мавриди ҳаводиси машкук барои нафткашҳо иброз медорад.

Субҳи 13-уми июн, ҳамзамон бо ҳузури нахуствазири Ҷопон дар Эрон ду нафткаш дар баҳри Умон дучори оташсӯзӣ шуданд ва Вазорати тиҷорати Ҷопон эълом кард, ин ду нафткаш маҳмулаҳои мутааллиқ ба ин кишварро ҳамл мекарданд. Пас аз ин ҳодиса воҳиди ҷустуҷӯ ва наҷоти баҳрии Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Эрон билофосила вориди амал шуд ва бо наҷоти ҳайату хадамаи ин ду киштӣ онҳоро барои ироаи хадамоти муносиб ва дармонӣ ба бандари Ҷоск, ҷануби Эрон мунтақил кард.

Майк Пампео, вазири умури хориҷии Амрико асри панҷшанбе бидуни ироаи ҳеҷ гуна мустанадоте Эронро масъули ҳамла ба ду нафткаш дар баҳри Умон муаррифӣ кард.