Июн 14, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти СҲШ аз тавофуқи ҳастаӣ

Кишварҳои узви Созмони Шанхай дар эъломияи поёнии нуздаҳумин иҷлоси ин созмон хоҳони иҷрои тааҳҳудоти имзокунандагони БарҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) шуданд.

Ба гузориши ИРНА, дар бахше аз ин эъломия омадааст, кишварҳои узв бовар доранд, ки иҷрои устувори Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак бояд дар авлавият ва мутобиқ бо қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бошад ва онҳо тамоми мушорикаткунандагонро ба иҷрои ҷомеъ ва муассири тааҳҳудоташон дар ин санад фаро мехонанд.

Нуздаҳумин иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай 13 ва 14-уми июн бо ҳузури сарони 11 кишвар, аз ҷумла Русия, Чин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҳинд, Покистон ва Эрон дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд. Созмони Ҳамкории Шанхай созмони байнидавлатиест, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шуд. Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Покистон ва Ҳинд аъзои аслӣ ва Эрон, Муғулистон, Афғонистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи ин иҷлос бо тане чанд аз сарони кишварҳои узв дидору гуфтугӯ кард. Рӯҳонӣ ҳамчунин пас аз ҳузур дар иҷлоси Шанхай дар дувумин марҳала аз сафари серӯзаи худ ба манзури ширкат дар панҷумин Иҷлоси таодул ва эътимодсозӣ дар Осиё аз Бишкек озими Душанбе, пойтахт Тоҷикистон хоҳад шуд.