Июн 16, 2019 21:21 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Сафорати Русия дар Теҳрон барои додани виза ба фаъолони иқтисодии Эрон

Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, Сафорати Русия дар Теҳрон бо ҳадафи осонсозии мубодилоти тиҷорӣ байни фаъолони иқтисодии ду кишвар, омодаи ироаи виза ба тоҷирони эронӣ аст.

Ҷагариян Леван Семёнович, сафири Русия дар Теҳрон рӯзи якшанбе дар дувумин ҳамоиши чашмандози ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фарҳангии Эрон ва Қафқози Шимолии Федератсияи Русия дар Теҳрон афзуд, ироаи виза ба фаъолони иқтисодӣ ба тавсеаи беш аз пеши равобити Теҳрон ва Маскав мунҷар хоҳад шуд.

Понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия ва дувумин ҳамоиши тиҷории Эрон ва минтақаи Қафқози Шимолӣ аз рӯзи якшанбе ба муддати се рӯз бо ҳузури мақомот ва фаъолони бахши хусусӣ ва давлатии ду кишвар дар шаҳрҳои Теҳрон ва Исфаҳони Эрон оғоз ба кор кард.

 

Барчасп