Июн 17, 2019 19:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори урании Эрон ба Аврупо + видео

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, тавлиди урани Эрон то 10 рӯзи оянда (27 –уми июн) аз марзи 300 килограмм убур хоҳад кард.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон рӯзи душанбе дар ҷамъи хабарнигорон охирин иқдомоти фаннии Эронро дар чорчӯби таваққуфи бархе тааҳҳудоти Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ шарҳ дод.

Камолвандӣ гуфт, тавлиди уран дар Эрон чаҳор баробар шудааст, ки дар сурати дастури мақомоти ҷумҳурии исломӣ, ин тавлид афзоиш меёбад.

Вай афзуд, Эрон пас аз убур аз марзи 300 килограмм уран, суръати афзоиши урани ғанишуда бо дараҷаи 3.67-ро низ бештар хоҳад кард ва ин дарсад ба роҳатӣ метавонад то 20 дарсад афзоиш ёбаид.

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон гуфт, агар то дувуним моҳи оянда Эрон бозоре барои содироти оби сангини худ надошта бошад, захоири оби сангини кишвар аз 130 тон убур хоҳад кард.

Камолвандӣ таъкид кард, иқдомоти Эрон дар чорчӯби бандҳои 26 ва 36-и БарҶом аст ва агар ҳифзи БарҶом барои кишварҳои аврупоӣ муҳимм аст, бояд талоши худро анҷом диҳанд.

Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иқдоми амрикоиҳо дар таҳрими ширкати тавлидкунандаи радиодоруи Эрон гуфт, таҳрими ширкати тавлидкунандаи радиодоруи Эрон террори инсонҳост.