Июн 18, 2019 17:05 Asia/Dushanbe
  • Имзои асноди ҳамкории тиҷории Эрону Русия

12 санади ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ миёни Эрону Русия дар понздаҳумин иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва раиси ҳайати Эронӣ гуфт, Эрону Русия дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла ҳавзаи дору барои бемориҳои хос то соли 2021 ба тавофуқ расиданд. Ардакониён ҳамчунин роҳандозии хатти киштиронии тафреҳӣ дар баҳри Хазар бо ҳамкории устонҳои Қафқози Шимоли Русияро яке дигар аз тавофуқҳои муҳими ин иҷлос донист ва ибрози умедворӣ кард, бо иҷроӣ шудани он заминаи гардишгарии баҳрии байни ду кишвар фароҳам мешавад. Вазири нерӯи Эрон ҳамчунин бо ишора ба ин ки дар ин иҷлос бар амалиётӣ шудани коридори сабзи гумрукӣ таъкид шудааст, тасреҳ кард, Вазорати нерӯи Эрону Вазорати энержии Русия барои эҳдоси чаҳор нерӯгоҳи ҳароратӣ дар устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон ба зарфияти 1400 мегаватт тавофуқ карданд, ки то се моҳи оянда кори амалии онҳо оғоз мешавад.

Понздаҳумини иҷлоси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрону Русия аз якшанбеи гузашта дар Теҳрон оғоз шуд ва имрӯз дар Исфаҳон бо имзоии асноди ҳамкорӣ ба кори худ поён дод.

 

Барчасп