Рӯҳонӣ: Иқдомоти Амрико зидди Эрон ҷиноят алайҳи башарият аст
(last modified Wed, 19 Jun 2019 14:34:43 GMT )
Июн 19, 2019 19:34 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомоти Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро ҷиноят зидди башарият ва терроризми иқтисодӣ донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати Эрон гуфт, иқдомоти амрикоиҳо зидди миллати Эрон сирфан таҳрим нест, балки давлати Амрико ба терроризми иқтисодӣ зидди Эрон иқдом кардааст ва бояд дар пешгоҳи афкори умумии ҷаҳон ва мардуми Эрон дар таърих посухгӯ бошад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин ки имрӯз ҳамаи дунё бо якҷонибагароӣ мухолиф аст, гуфт, Амрико натавонист Эронро мунзавӣ (гӯшагир) кунад, балки худаш мунзавӣ шуд ва дар эҷоди Эронҳаросӣ низ муваффақ нашуд.

Рӯҳонӣ афзуд, якҷонибагароии Амрико барои афкори умумии дунё, қудратҳо ва давлатҳо ҳаросу нигаронӣ эҷод кардааст, зеро давлати Трамп доиман муқаррароти байналмилалӣ ва тааҳҳудоти дуҷониба ва чандҷонибаро зери по мегузорад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин таъкид кард, дар бораи тавофуқи БарҶом Эрон тибқи қонун ва дар чорчӯби муқаррарот амал мекунад ва агар хости Эрон таъмин нашавад, баъд аз 60 рӯз, ки аз 18 –уми урдибиҳишт (8 –уми май) муҳосиба мешавад, иқдомоти ҷадиде, ки қаблан эълом шудааст, амалӣ хоҳад шуд.