Эрон ҳамвора дар канори муҳоҷирини хориҷӣ буда ва ҳаст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44574-Эрон_ҳамвора_дар_канори_муҳоҷирини_хориҷӣ_буда_ва_ҳаст
Мудири кулли Идораи умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ дар маросими таҷлил аз паноҳандагон дар Машҳад афзуд, ифтихор мекунем, ки мизбони муҳоҷироне ҳастем, ки ба умеди оромиш ва амнияти қонунманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сокин ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2019 14:46 Asia/Dushanbe
  • Эрон ҳамвора дар канори муҳоҷирини хориҷӣ буда ва ҳаст

Мудири кулли Идораи умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ дар маросими таҷлил аз паноҳандагон дар Машҳад афзуд, ифтихор мекунем, ки мизбони муҳоҷироне ҳастем, ки ба умеди оромиш ва амнияти қонунманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон сокин ҳастанд.

Саидалӣ Қосимӣ дар ин маросим, ки ба муносибати рӯзи ҷаҳонии паноҳанда дар маҷмӯаи Боғи гиёҳшиносии Машҳад афзуд, қатъан дар тамоми кишварҳо барои муҳоҷирини хориҷӣ тангноҳое вуҷуд дорад, лекин ба ҳиммати худи ин азизон ва ҳамкории онон ва ҳамчунин инояти вижаи ҳамкорон ин мушкилот низ ба зуддӣ рафъ хоҳад шуд.

Вай такрим ва посдошти шахсияти тамоми муҳоҷирини хориҷӣ дар Эронро баргирифта аз таолими исломӣ ва таъкиди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон баршумурд ва бар фароҳам шудани шароити рифоҳии беш аз пеш таъкид кард.

Image Caption

Дар ҳошияи маросим, намоишгоҳе аз дастовардҳои ҳунармандони кишварҳои мухталиф бавижа атбои Афғонистон дар заминаҳои саноати дастӣ, фаъолиятҳои қуръонӣ ва фарҳангии худ, иштиғолӣ ва муассисоти хайрия ва ғайра барпошудааст, ки ба муддати ду рӯз идома дорад.

Image Caption

Дар ин маросим масъулоне аз сарконсулгарои Афғонистон, Ироқ ва Покистон дар канори масъулони Идораи кулли умури атбои намояндагии вазорати хориҷа дар Машҳад ва устондори Хуросони Разавӣ ҳузур доштанд