Ҳамкории иқтоисодии Эрон бо беш аз 70 кишвари ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44600-Ҳамкории_иқтоисодии_Эрон_бо_беш_аз_70_кишвари_ҷаҳон
Муовини дипламатии иқтисодӣ вазири умури хориҷаи Эрон гуфт; Эрон бо беш аз 70 кишвари ҷаҳон камисиюни муштараки ҳамкории иқтисодӣ дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 22, 2019 05:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории иқтоисодии Эрон бо беш аз 70 кишвари ҷаҳон

Муовини дипламатии иқтисодӣ вазири умури хориҷаи Эрон гуфт; Эрон бо беш аз 70 кишвари ҷаҳон камисиюни муштараки ҳамкории иқтисодӣ дорад.

Ғуломризо Ансорӣ дар ҳошияи нишасти ҳамкориҳои муштарки Эрон ва Туркия дар Исфаҳон эҷоди камисиюни муштараки  ҳамкориҳои иқтисодиро омили афзоиши мубодилоти тиҷорӣ ва тақвияти иқтисоди Эрон донист ва гуфт; бо таваҷуҳ бо таҳримҳои Амрико зиддӣ Эрон, фаъолият ва ҳамкории Эрон бо кишварҳои ҳамсоя мутаносиб бо ин шароит аст.

Муовини Вазири хориҷаи Эрон тасриҳ кард;  дар замони ҳозир беш аз 95 дар сади мубодилоти тиҷории ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои ҳамсоя аст ва боқии ин мубодилот бо кишварҳое ҳамчун Чин  ва Ҳинд анҷом мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт; сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар тавонистаанд иртиботи тоҷирони эронӣ бо марказҳои тиҷории байналмиллалиро фаро ҳам кунанд ва бештарин тамаркузи Вазорати хориҷаи Эрон роҳёбии тоҷирони эронӣ ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя аст.

Нишасти ҳамкориҳои муштараки Эрон ва Туркия рӯзи ҷумъа бо ҳузури Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Мавлуд Човушуғлу Вазирони умури хориҷаи ду кишвар дар Исфаҳон баргузор шуд ва дар ин нишаст санади роҳбурдии ҳамкории муштараки Эрон ва Туркия ба имзо расид.