Июн 23, 2019 08:49 Asia/Dushanbe
  • Як эронӣ раиси федератсияи футболи Белгия шуд

Меҳдии Баёт мудири бошгоҳи Шерлерой (Charleroi )-и Белгия ба унвони раиси федератсияи футболи ин кишвар муаррифӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Меҳдии Баёт соли таваллудаш 1979 дар Теҳрон аст ва дар аввалҳои даҳаи 1980 ҳамроҳ бо хонавода барои зиндагӣ ба Фаронса ва сипас Белгия муҳоҷират кардааст.

Дар солҳои ахир бозикунони миллипуши эронӣ аз ҷумла роҳии Шарлеройи Белгия шуда буданд.

Интихоби Баёт ба унвони як эронӣ дар раъси федератсияти Белгия дар шароитест, ки тими миллии ин кишвар дар футболи Аврупо яке аз беҳтарин тимҳо ба ҳисоб меояд ва дар рутбаҳои болои радабандии федератсияи ҷаҳонии ФИФА қарор дорад.

Ҷолиб ин, ки Марк Вилмотс мурабии белгияӣ низ ахиран сармурабии тими милии футболи Эрон шудааст.