Июн 23, 2019 11:03 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози мустақим байни Нурсултон ва Токио

Муовини Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохтии Қазоқистон аз роҳандозӣ ва барқарории парвози мустақим байни пойтахтҳои ин кишвар ва Жопон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Брек Камолиев муовини Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохтии Қазоқистон аз роҳандозӣ ва барқарории парвози мустақим байни Нурсултон ва Токио хабар дод.

Камолиев гуфт, нахустин парвози мустақим миёни пойтахтҳои Қазоқистон ва Жопон 6 июли соли равон тавассути ширкати Скад-и қазоқӣ ва бо ҳимояти давлат ва ёронаҳои давлатӣ сурат мегирад.

Вай ҳамчунин гуфт, дар тирамоҳи соли равон ҳамчунин роҳандозии парвозҳои мустақим миёни Нурсултон ва Шанхай барқарор мешавад.

Муовини Вазорати саноат ва тавсеаи зерсохтии Қазоқистон дар бахши дигаре афзуд, мо ҳамчунин қасд дорем аввалин тавофуқнома дар қолиби осмони боз бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба имзо бирасонем.

Вай афзуд, дар ин росто интизор дорем, ки парвозҳои мустақим миёни Қазоқистон ва Амрико дар соли 2021 роҳандозӣ шаванд.