Июн 23, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Лориҷонӣ: Ҳузури низомии Амрико омили тақвияти террористҳо дар минтақа аст

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, ҳузури низомии Амрико дар минтақа муҷиби тақвияти гурӯҳҳои террористӣ шудааст.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидори Габриела Куевас Баррон, раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ дар Теҳрон афзуд, ҷараёноти террористӣ дар минтақа афзоиш ёфтааст ва Амрико ва бархе кишварҳои минтақа ба онҳо кумак мекунанд.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки бархе кишварҳо бо буҳрони Яман, одамкушӣ ва тиҷорати аслиҳа мекунанд, изҳор дошт, роҳи ҳалли масъалаи Яман бо ҷанг нест, балки ташкили давлати ваҳдати миллӣ аст.

Лориҷонӣ ҳамчунин бо ёдоварии ин ки раисҷумҳури Амрико ба дунболи муомила бар рӯйи сарнавишти мардуми Фаластин аст, афзуд, тарҳи амрикоӣ - саҳюнистии “муомилаи қарн” сабаби тақвияти меҳвари муқовимат шудааст. Зеро фаластиниён ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷуз бо муқовимат ба аҳдофи худ нахоҳанд расид.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамчунин бар ифои нақши бештари Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ дар ҷилавгирӣ аз буҳронҳо таъкид кард.

Габриела Куевас Баррон ҳам бо ишора ба нақши Эрон дар ҳавзаи чандҷонибагароӣ афзуд, мубориза бо терроризмро набояд сиёсӣ кард ва таҷрибиёти Эрон дар ин хусус арзишманд аст.

Раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ тасреҳ кард, ин иттиҳодия аз зарфияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси ҳалли масоили минтақаӣ, бавижа Яман ва Сурия истифода хоҳад кард.

Раиси Иттиҳодияи байнулмаҷолиси ҷаҳонӣ барои дидору гуфтугӯ бо мақомҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе вориди Теҳрон шуд.