Июн 23, 2019 21:15 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Тими “Б” бо кашонидани Трамп ба ҷанг фосилаи каме дошт

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, тими “Б” фосила каме дошт то раисҷумҳури Амрикоро ба майдони ҷанг бикашонад.

Ишораи вазири умури хориҷаи Эрон ба тими “Б”, чанд сиёсатмадори ҷангталаб дар ҷаҳон аст, ки ҳарфи аввали ном ё лақаби онҳо бо ҳарф “Б” оғоз мешавад.

Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, Бин Салмон (Муҳаммад), валиаҳди Арабистони Саудӣ, Бин Зоид (Муҳаммад), валиаҳди Иморот ва Болтон (Ҷон), мушовири амнияти миллии Кохи Сафед.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер навишт, таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии амрикоӣ, хариди қаиқҳои тундрав ва тамоси телефонӣ, ки ҳадафаш нисбат додани ҳамла ба нафткашҳо ба Эрон буд, собит мекунад, ки тими “Б” бо кашондани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба майдони ҷанг фосилаи каме дошт, аммо Трамп бо эҳтиёт аз вуқӯи ҷанг ҷилавгирӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз ин борҳо ҳушдор дода буд аъзои тими “Б” талош доранд Трампро вориди як даргирии низомии нохоста бо Эрон кунанд.

Бомдоди панҷшанбе (20 –уми июн) як фарванд ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи рӯ ба рӯи кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), ҳадафи оташи падофанди Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.