Июн 26, 2019 10:11 Asia/Dushanbe
  • Гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон; аз 7 июл

Дабири Шурои олии амнияти миллии Эрон эълом кард, бо наздик шудан ба 7 июл ва оғози гом дуввуми тааҳудоти барҷомии Эрон, фишори аврупоиҳо барои водор кардани Теҳрон ба тадовуми тадовуми иҷрои тааҳудоти пазируфташуда дар БАРҶОМ афзоиш ёфтааст.

Алии Шамхонӣ дар ёддоште бо ишора ба баёнияи ахири вазирони хориҷаи се кишвари аврупоӣ (Олмон, Фаронса ва Англия), ки мисдоқи  виқоҳати сиёсӣ аст афзуд, бозии таҳримии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ду руи як сикка аст, ки нақшҳои он пас аз як сол аз гуфтугӯҳои беҳосил бо Аврупо беш аз пеш дар ҳоли намоёншудан аст.

Шамхонӣ дар ин ёддошт таъкид кард, бар асоси тасмим Шурои олии амнияти миллии Эрон аз 7 июл гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон дар чорчуби бандҳои 26 ва 36 БАРҶОМ бо ҷиддият оғоз хоҳад шуд, то кишварҳое, ки аз сабри Эрон бардошти нодуруст доштаанд мутаваҷҷеҳ шаванд, ки посухи Эрон монанди вокуниш ба таҷовузи паҳподи Амрико ба марзҳои ҳавоӣ аст ва тафовуте нахоҳад дошт.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳаштуми май ҳамзамон бо солгарди хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва адами иқдомоти амалӣ аз сӯи гуруҳи 4+1 дар таъмини манофеи Эрон бар асоси БАРҶОМ эълом кард Эрон бархе аз тааҳудоти барҷомии худро коҳиш медиҳад.

Дар ин росто Теҳрон дар муҳлате 60 рӯза ба шарикони БАРҶОМ фурсат дод, то нисбат ба таъмини манофеи Эрон иқдом кунанд ва дар ғайри ин сурат гоми дуввуми коҳиши тааҳудоти барҷомии Эрон иҷро мешавад.

Барчасп